Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони амнияти Чину Тоҷикистон


Саидмӯъмин Ятимов
Саидмӯъмин Ятимов

Рӯзи 25 январ дар Пекин мулоқоти вазирони амнияти Чину Тоҷикистон доир шудааст. Бино ба гузориши Синхуа – хабаргузории давлатии Чин – Го Шенкун, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири амнияти ҷамъиятии ин кишвар дар сӯҳбат бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов изҳори умед кардааст, ки Душанбеву Пекин ҳамкориҳоро дар соҳоте, чун мубориза бо “се нирӯи бадӣ”, назорати марз ва тарбияи кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тақвият хоҳанд дод. Мақомоти Чин зери мафҳуми “се нирӯи бадӣ” терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро дар назар доранд. Го Шенкун хостори вокуниши муассири ҳарду кишвар ба хатарҳову чолишҳо ва ҳимояти амнияту суботи ҳарду кишвар ва тамоми минтақа шудааст.

Синхуа меафзояд, Саидмӯъмин Ятимов бо изҳори сипос ба кумакҳои Чин дар тӯли солиёни зиёд таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо “се нирӯи бадӣ” ва масоили дигари таъмини амният, ҳамчунин барои вокуниши муштарак ба ҳар навъ хатару чолиш омода аст.

XS
SM
MD
LG