Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ошӯби зидди Муборак панҷ сол гузашт


Эътирозгарон дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира

Эътирозгарон дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира

Аз исёни мардумӣ дар Миср, ки ба асари он раисиҷумҳури вақт Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш истеъфо дод, панҷ сол сипарӣ шуд. Рӯзи 25 январ, дар рӯзи шурӯи ин ошӯб, дар Қоҳира аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифтанд. Дар маркази шаҳр тафтиши иловагии шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, раисиҷумҳури феълии Миср, рӯзи якшанбе дар робита ба ҳаводиси панҷ соли пеш изҳор намуд, мисриҳо мехоҳанд дар кишвари замонаву рушдкардае ба сар баранд, ки дар он ҷо аз принсипҳои озодиву демократия кор гирифта мешавад. Ҳамзамон Ас-Сисӣ ҳушдор дод, ки мақомот ба ҳама гуна нооромиҳо ва бенизомиҳо вокуниши шадид хоҳанд кард. Озодӣ бояд масъулият дошта бошад, чаҳорчӯбҳое заруранд то аз бесару сомониҳои тахрибкунандаи пояҳои давлат ҷилавгирӣ кунанд, гуфтааст ӯ.

Низомиёни мисрӣ зери фармони Абдул Фаттоҳ Ас-Сисӣ моҳи июли соли 2013 раисиҷумҳури интихобшуда Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор намуданд. Ба думболи ин ҳазорон ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд. Садҳо фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ низ мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG