Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ҷадиди ИМА ба Душанбе омад


Элизабет И. Миллард, сафири тозаинтихоби Амрико дар Тоҷикистон баъди адои савганд, ки ин маросим рӯзи 14 декабри соли гузашта дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур вориди Душанбе шудааст.

Хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифаи дипломатӣ дар Ҳиндустон ва муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, аз ҷумла, ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар мавриди минтақа таҷрибаи бой ва дониши кофӣ ба даст овардааст.

Сафир Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият намуда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст. Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Делӣ, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани”дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст.

Сафир Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод дар Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро дар Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст.

Ӯ чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Элизабет И. Миллард бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва то андозае бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.

XS
SM
MD
LG