Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Давлати исломӣ" ба Эътилоф таҳдид кард


Порае аз навор

Порае аз навор

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар интернет навори видеоиеро нашр кард, ки гӯё дар онҳо нӯҳ мусаллаҳи дар ҳамлаҳои террористии Порис дастдошта сабт шудаанд. Дар ин навор исломгароҳо ба кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалии зидди “Давлати исломӣ” таҳдид мекунанд. Дар ин навор, аз ҷумла, таҳдид алайҳи Бритониё садо медиҳад.

Бино ба ин навор, аз нӯҳ нафари дар ҳамлаҳои Порис дастдошта чаҳор нафар – шаҳрванди Белгия, се нафар – шаҳрвандони Фаронса ду нафари дигар –ироқӣ буданд.

Бар асари ин ҳамлаҳо, ки дар пойтахти Фаронса шоми 13 ноябри соли гузашта сурат гирифтанд, 130 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар навори видеоӣ саҳнаҳои куштори одамон аз сӯи ин гурӯҳи нӯҳнафара қабл аз ҳамлаҳои Порис гузошта шудааст. Онҳо гаравгонҳоро ҳадафи тир қарор медиҳанд ё сар мебуранд. Худи ошӯбгарон ин афродро шерҳои номидаанд, ки Фаронсаро ба зону шинондаанд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд дар шаҳри навори видеоӣ гуфт, ки кишвараш мубориза бо терроримзро идома хоҳад дод.

Ҳанӯз маълум нест, ки чаро ин навор баъд аз ду моҳи ҳамлаҳо ба пойтахти Фаронса пахш гардид. Дар он ҳамлаҳо ҳафт тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Ду нафари дигарашон дар амалиёти вижаи полис ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории France-Presse менависад, то ҳанӯз шумораи мусаллаҳони дар ҳамлаҳои Порис дастдошта маълум нест.

XS
SM
MD
LG