Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ. Санаи музокироти Женева дақиқ мешавад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, гуфт, ки тайи як-ду шабонарӯзи наздик ба санаи баргузории музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева рӯшанӣ андохта мешавад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Лаос рӯзи 25 январ Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, бо фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура мувофиқат шудааст, ки даъватнома барои ширкат дар музокирот фақат баъд аз ҳалли ҳама масоил фиристода шавад.

Музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева бояд рӯзи 25 январ шурӯъ мешуд, аммо бар асари ихтилофи назари Русияву Эрон ба гурӯҳе, ки аз мухолифини ҳукумати Димишқ намояндагӣ мекунад, шояд ба таъхир уфтад.

Бар асари низоъ, ки тақрибан панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, тақрибан 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 11 миллион аз суриягиҳо манзилҳои худро тарк намуданд.

Ҷон Керрӣ гуфт, изҳороти мансабдорони суриягӣ, ки гӯё онҳо ҳангоми музокирот ягон хел гузашт нахоҳанд кард ва шикояти мухолифин, ки гӯё онҳоро барои гуфтушунид маҷбур мекунанд, аз овозае беш нестанд.

XS
SM
MD
LG