Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи 25 январ, нахустин сафари хориҷии худ баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалиро аз Аврупо шурӯъ мекунад. Дар ин сафари панҷрӯза ба Рум ва Порис ӯро тоҷирони эронӣ, вазирони нафту газ ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд.

Аз байн бурдани таҳримҳо роҳи Теҳронро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузургу Аврупову Осиё боз мекунад.

Қарор аст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар Рум бо раисиҷумҳури Италия Серхио Маттарела ва нахуствазири кишвар Маттео Рензӣ мулоқот ва гуфтушунид хоҳад кард. Ӯ бо гурӯҳи тоҷирони итолиёвӣ ва баъдан дар Вотикон бо Попи Рум Франсиск мулоқот мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 28 январ барои гуфтушунид бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд вориди Порис хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG