Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши чашмгири гардиши мол дар Тоҷикистон


Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар соли гузашта ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии ин кишвар 4 миллиарду 326 миллион долларро ташкил додааст, нисбати соли қаблӣ 943 миллион доллар ё 17,9 дар сад кам будааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи душанбеи 25 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳаҷми воридот 3 миллиарду 435 миллион доллар ва содирот 891 миллион доллар арзёбӣ шудааст.

Дар хаҷми умумии воридот махсулоти нафтӣ ( 10, 2 дар сад ё 351,6 миллион доллар) ва гандум (7,1 дарсад ё 244, 5 миллион доллар) саҳми бештар доштаанд. Дар феҳристи молҳои воридотӣ гази моеъ, оксиди алюминий, чӯбу тахта ва васоили нақлиёт низ дар зинаҳои боло ҷой гирифтаанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб далели ин амрро ба бӯҳрони молӣ марбут хонд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, вазъияти ноором дар Афғонистон боиси коҳиши мизони вуруди молу маҳсулот аз тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон шудааст. Раиси Хадамоти гумрук гуфт, то замони нооромиҳо аз рохи Афғонистон рӯзона беш аз 20 мошин бо маҳсулоти шакару гӯшти мурғ ба Тоҷикистон ворид гардида ва ҳоло рӯзона то се-чор мошин аз марз убур мекунад.

XS
SM
MD
LG