Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии ҷудо дар Куба бе медал монданд.

Дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии ҷудо (Judo Grand-Prix Havana 2016), ки рӯзҳои 22-24 январ дар пойтахти Куба - шаҳри Ҳавана - баргузор шуд, 386 варзишгар (231 мард ва 155 зан) аз 66 кишвар ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти пурнуфузи байнулмилалӣ чаҳор гуштигир - Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён,Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов -намояндагӣ карданд. Вале ҳарчор паҳлавони тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг (ҳамагӣ 38 гуштигир иштирок дошт) дар нахустин қувваозмоияш аз Ҷорҷ Мартинез (Куба) шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг (ҳамагӣ 41 гуштигир ширкат кард), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Аксел Клергет (Фаронса) пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Қуедҷау Нҳабалӣ (Украина) бохт.

Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг (ҳамагӣ 34 гуштигир довталаб буд) дар даври муқаддамотӣ бар Андӣ Гранда (Куба) ғалаба кард, вале баъдан аз Димитри Петерс (Олмон) мағлуб гашт.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг (ҳамагӣ 23 гуштигир ширкат дошт) дар аввалин рақобаташ аз Ониер Бланко (Куба) ноком шуд.

Мусобиқа байни мардон дар 7 вазн - 60, 66, 73, 81, 90, 100, + 100 кг ва миёни занон низ дар 7 вазн - 48, 52, 57, 63, 70, 78, + 78 кг – сурат гирифт.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 100 000 доллар буд:
барои ҷойи аввал: 3000 доллар (гуштигир - 2400 ва мураббӣ - 600 доллар),
барои ҷойи дувум: 2000 доллар (гуштигир - 1600 ва мураббӣ - 400 доллар),
барои ҷойҳои севум (2 варзишгар): 1000 долларӣ (гуштигир - 800 ва мураббӣ - 200 доллар).

Дар ин мусобиқот гуштигирон ба ҷуз ҷоизаҳои молӣ, инчунин барои гирифтани имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо мубориза бурданд. Ба ғолибон 300 имтиёз, ба гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, мутаносибан 180 ва 120 имтиёз дода шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо 4 медал – 3 тило ва 1 биринҷӣ - мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Куба бо 5 медал (2 тило, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Исроил бо 3 медал (2 тило, 1 нуқра) севум шуданд.

Бояд гуфт, ки гуштигирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG