Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон истеъфои ҳукуматро мехоҳанд


Эътирози зидди ҳукуматӣ дар Кишинёв
Эътирози зидди ҳукуматӣ дар Кишинёв

Ҳазорон нафар дар шаҳри Кишинёв-пойтахти Молдова ба раҳпаймоӣ баромадаанд. Онҳо истеъфои ҳукумати нав ва баргузории интихоботи зудрасро талаб мекунанд.

Ин эътирозҳоро ду ҳизби ҷонибдори Русия ва ҷунбиши зидди ришвахории ҷонибдори Иттиҳодияи Аврупо созмон додаанд. Як раҳпаймоии дигар, ки бар зидди ин раҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати нав барномарезӣ шуда буд, баргузор нагардид. Онро лағв карданд, то бо эътирозгарони дигар задухурд ба амал наояд.

Баъд аз ташкили кобинаи нави ҳукумат дар 20 январ ба раҳбарии Павел Филип ғазаби мардум боло гирифт ва онҳо мегӯянд, ки табақаи сисёсии ришвахор бартарӣ пайдо мекунад.

Бисёриҳо ба ин боваранд, ки Павел Филип-узви ҳизби ҳокими Демократ зери нуфузи Влад Плаҳотниюк-ғули зиддунақизи иқтисодӣ қарор дорад.

Аммо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Руминия, ки наздиктарин ҳампаймони Молдова мебошад, мегӯянд, ки онҳо бо ҳукмати нав кор хоҳанд кард ва аз он хоҳанд хост, то ислоҳоти пешниҳодкардаи Иттиҳодияи Аврупоро иҷро намояд.

XS
SM
MD
LG