Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз Туркия боздид кард


Ҷон Керрӣ ва Раҷаб Тайип Эрдуғон
Ҷон Керрӣ ва Раҷаб Тайип Эрдуғон

Амрико ва Туркия омодаанд, роҳҳои “ҳалли низомӣ”-ро барои пирузӣ бар гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ пайдо кунанд. Дар ин бора Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико баъд аз мулоқоташ бо Аҳмет Довутоғлу-нахуствазири Туркия изҳори ақида намуд. Ҷо Байден ва Довутоғлу дар Туркия вазъи Сурияро баррасӣ карданд.

Дар як нишасти хабарии муштарак нахуствазири Туркия хотирнишон сохт, ки дар музокироти қарибулвуқуи сулҳи Сурия танҳо “гурӯҳҳои салоҳиятдори мухолифон” ширкат хоҳанд кард.

Ин музокирот бо намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифон бояд ҳафтаи оянда зери назари СММ дар Женева баргузор шавад.

Байден ҳамчунин бо Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия мулоқот ва аз маҳдудияти озодии баён дар Туркия ва таҳдид ба рӯзноманигорону мухолифони ҳукумат интиқод кард.

XS
SM
MD
LG