Пайвандҳои дастрасӣ

25 январ музокироти Сурия дар назар гирифта шудааст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, вай бовар дорад, ки музокироти сулҳи Сурия ҳафтаи оянда он гуна, ки ба нақша гирифта шуда буд, бо миёнҷигарии СММ дар Женева баргузор хоҳад шуд.

Ҷон Керрӣ ин нуктаро дар Арабистони Саъудӣ 23 январ ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Вай гуфт, бовар дорад, ки Стеффан де Мистура-фиристодаи вижаи СММ намояндагонро ба таври зарурӣ ташвиқ мекунад ва музокироти Женева нахустин мулоқот хоҳад буд.

Ҷон Керрӣ дар ин бора баъд аз музокироти кишварҳои Шӯрои Халиҷи Форс сӯҳбат кард. Пеш аз ин музокирот вай телефонӣ музокироти сулҳи Сурияро бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия баррасӣ кард.

Музокироти Женева барои 25 январ ба нақша гирифта шудааст, бо вуҷуди он ки рӯзи оғози он дақиқ нест, зеро дар бораи ҳайатҳои намояндагии ширкаткунанда дар музокирот баъзе баҳсҳо боқӣ мондаанд. То ҳол рӯшан нест, ки аз тарафи мухолифони режими Башор Асад дар музокирот кадом ниру ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG