Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ва Лавров музокироти Сурияро баррасӣ карданд


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, акс аз бойгонӣ
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, акс аз бойгонӣ

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия телефонӣ бо якдигар дар бораи музокироти сулҳи Сурия гуфтугӯ карданд. Ин музокирот ҳафтаи оянда дар Женева бо миёнҷигарии СММ баргузор мешавад.

Ҷон Керрӣ 23 январ дар Арабистони Саъудӣ бо намояндагони мухолифони давлати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мулоқот дошт. Суоле дар ин бора, ки дар музокирот аз ҷониби мухолифони ба ҳам зидди Сурия чӣ касоне ширкат хоҳанд кард, ҳамоно масъалаи нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Баъд аз мулоқоти 20 январи худ Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров изҳороте пахш карданд ва гуфтанд, ки бояд як ҳайати воқеан мухолифони давлати Сурия аз ҷониби мухолифон дар ин музокирот намояндагӣ кунад.

Дар ин эъломия гуфта мешуд, “ҳафтаи гузашта гурӯҳи мухолифони Сурия як ҳайатро пешниҳод кард, ки он Маскавро нигарон сохт, зеро ин ҳайатро намояндаи гурӯҳи Ҷайши Ислом намояндагӣ мекунад. Аз ин гурӯҳ Саъудӣ ҷонибдорӣ мекунад ва Маскав онро гурӯҳи террористӣ медонад.

Дар ҳайат ақалиятҳои милии курдҳои Сурия нестанд ва пешниҳод шудааст, ки онҳо низ ба ҳайат дароянд. Музокироти сулҳи Сурия 25 январ дар Женева бояд оғоз ёбад, вале дипломатҳо мегӯянд, ки мумкин аст он ба таъвиқ афтад.

XS
SM
MD
LG