Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар Ҷоми Иттиҳод аз тими Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тими Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Ин бозӣ, ки барои дарёфти ҷойи ҳафтум буд, имрӯз, 23-юми январ, дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” баргузор шуд. Дар оғози бозӣ, дар дақиқаи 2-юм, Ануар Агайсин, бозигари мунтахаби Қазоқистон, ҳисобро боз кард. Голи дувуми мунтахаби Қазоқистонро Абат Аимбетов дар дақиқаи 14-ум ба ҳадаф расонд. Баъди се дақиқа Нозим Бобоҷонов, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, ҳисобро тағйир дод.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 83-юм, қазоқҳо ба дарвозаи футболбозони тоҷик голи севумро заданд. Баъди як дақиқа голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 76-ум сардовари бозӣ Игор Панин (Русия) ба якнафарӣ аз ҳарду даста корти сурх нишон дод ва тимҳо бозиро даҳнафарӣ анҷом доданд.

Ин бохти чаҳоруми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, дар Ҷоми Иттиҳод-2016 ба шумор меравад. Дарвоқеъ, Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ягон имтиёз ба даст оварда натавонист.

Ба ин тартиб, мунтахаби Қазоқистон дар ҷойи ҳафтум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи охирин – ҳаштум – қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соли гузашта низ дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар бозӣ барои ҷойи ҳафтум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд.

Имрӯз се бозии боқимондаи Ҷоми Иттиҳод-2016 баргузор мешавад. Дастаҳое, ки дар дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро гирифтаанд – Қирғизистон ва Эстония - барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол кардаанд – Беларус ва Латвия - барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳои мунтахаби Молдова (ғолиби гурӯҳи “А”) ва Русия (ғолиби гурӯҳи “В”) дар бозии ниҳоӣ, ки шаби шанбеи 23 январ баргузор мешавад, барои Ҷоми Иттиҳод мубориза мебаранд.

Ҷоми Иттиҳод-2016

23 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Қазоқистон – Тоҷикистон – 3-2

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

15:15 – Беларус – Латвия

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

17:30 – Қирғизистон – Эстония

Бозии ниҳоӣ

21:00 – Молдова – Русия

23:00 Маросими пӯшидашавии мусобиқот

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG