Пайвандҳои дастрасӣ

4 нафар дар ҳамлаи як шахси мусаллаҳ ба мактабе дар аёлати Саскачевани Конодо дар шаҳраки Ла-Лош ба қатл расидаанд. Ду нафари дигар захмӣ шудаанд ва дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ҳамлакунандаро боздошт карданд. Вай яке аз шогирдони мактаб будааст. Дар миёни кушташудагон ду нафар аз хешовандони худаш ва як омӯзгор будаанд.

Ҳамлакунандаро дар назидкии мактаб боздошт кардаанд. Дарсҳо қатъ шудааст ва мактабро бастаанд. Зоҳиран мактаб ягона ҷое нест, ки ин шогирди мактаб дар он ҷо тирандозӣ кардааст.

Ҷастин Трудо-нахуствазири Конодо, ки дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳонии Давос ширкат мекунад, ба наздикони қурбониён ва захмиҳо таслият баён намуд.

Дар шаҳраки Ла-Лош бештар аз 2 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва аксари онҳо сокинони бумӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG