Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони шадид дар соҳилҳои шарқии Амрико


22 январ дар аёлатҳои ҷанубии Амрико туфони зимистонӣ сабаби лағви парвозҳо ва ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар шаш аёлати ин кишвар шуд. Дар Вашингтон-пойтахти Амрико низ барфи зиёд боридааст.

Дастикам 7 нафар дар ҳодисаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин чанд аёлати ҷанубӣ барфи тар мушкилро бештар кардааст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки дар Вашингтон бориши барф идома меёбад ва ғафсии он аз 61 то 76 сантиметр мерасад.

Вазиши бод соате аз 28 то ба 80 километр мерасад ва танҳо дар нимаи рӯзи 23 январ фурӯкаш мешавад. Луис Утселлинӣ-раиси идораи ҳавошиносӣ гуфт, “ин туфони хеле хатарнок метавонад ба 50 миллион нафар аҳолӣ зарар расонад”.

Вай гуфт, ки барфу туфон 24 январ низ давом мекунад ва ба осонӣ метавонад як миллиард доллар зарар расонад ва дар қисматҳои шарқии Амрико зиндагиро фалаҷ кунад.

XS
SM
MD
LG