Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко рӯзи 22 январ изҳор намуд, ки Украина назорат аз болои нимҷазираи аз сӯи Русия ишғолшудаи Қрим ва Донбассро, ки аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор ғасб шудааст, бармегардонад.

Раисиҷумҳури Украина дар як изҳорот бахшида ба Рӯзи Ваҳдат гуфт, ки парчами Украина дубора дар Донетску Луҳанск ва Симферополу Севастопол парафшон хоҳад шуд.

Рӯзи Ваҳдат ба муносибати тақрибан як аср пеш муттаҳид шудани Ҷумҳурии мардумии Украина ва Ҷумҳурии мардумии Украинаи Ғарбӣ таъсис шудааст.

Аз ин пеш дафтари раёсатҷумҳурии Украина изҳороти аз тариқи шабакаи телевизионии CNN нашршудаи раисиҷумҳурро пахш кард, ки бино ба он, Киев аз Сандуқи байнулмилалии пул транши 7 миллиард доллариро дарёфт хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG