Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: Музокироти Женева дертар шурӯъ мешавад


Муовини раиси ҳайати мухолифини Сурия Ҷорҷ Сабра рӯзи ҷумъа, 22 январ, эҳтимоли мулоқоти рӯ ба рӯ бо режими Башор Асад дар музокироти Женеваро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот фақат дар ҳоле мумкин аст, ки Русия бомборони мавқеъҳои ошӯбгаронро қатъ кунад ва ҳукумати Сурия аз муҳосираи баъзе мавзеъҳо даст бардорад.

Як рӯз пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳори итминон кард, ки музокироти сулҳи Сурия дар Женева шояд як-ду рӯз дертар аз вақти пешбинишуда баргузор шавад. Дар суханронӣ дар форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос Керрӣ хабар дод, ки рӯзи якшанбе фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура даъватномаҳоро ба ширкаткунандагони музокирот мефиристад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки машваратҳои аввалин миёни ҷонибҳо мустақим нахоҳад буд.

Рӯзи 20 январ Ҷон Керрӣ ва ҳамтои русаш Сергей Лавров ба созиш расиданд, ки музокироти сулҳи Сурия, бо вуҷуди набудани назари воҳид дар робита ба ҳайати расмии мухолифини ҳукумати Димишқ, бояд баргузор шавад. Ҳарду сиёсатмадор изҳор намуданд, ки ҳалли низомии қазияи Сурия номумкин аст.

XS
SM
MD
LG