Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ғарқ шудани ду киштӣ бо муҳоҷирон дар наздикиҳои соҳилҳои Юнон дасти кам 21 нафар ҷон бохтанд.

Масъулини хадамоти ҳифзи соҳили Юнон рӯзи 22 январ гуфтанд, дар яке аз ин ҳодисаҳо, ки дар наздикиҳои ҷазираи Фармаконисси рӯй дод, чиҳил тан аз муҳоҷирон худро ба соҳил расонданд, наҷотбахшон як духтари хурдсолро наҷот дода, ҷасади 7 нафарро аз баҳр берун карданд.

Киштии дигар дар наздикиҳои ҷазираи Калолимнос ғарқ шуд. Кормандони хадамоти ҳифзи соҳили Юнон 26 нафарро наҷот доданд. Дар ин ҳодиса дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расидаанд. Амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома дорад.

Бо вуҷуди сардии ҳаво муҳоҷирони зиёде аз Сурия талош мекунанд, ки тавассути Туркия ба Юнон расанд ва дар Иттиҳодияи Аврупо панаҳ баранд.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта беш аз як миллион паноҳандагону муҳоҷирон аз Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Аврупо омаданд. Шумораи аз ҳама бештари онҳоро Олмон пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG