Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 19 кас дар ҳамла ба тарабхонаи Могадишо


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як тарабхона дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, дасти кам 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, шоми 21 январ панҷ марди мусаллаҳ вориди тарабхона дар минтақаи соҳилии «Лидо» шуданд ва ду норинҷак андохта, сӯи мизоҷон оташ кушоданд.

Кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҳамлагарон вориди даргирӣ шуданд.

Як афсари полис ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, ки дар ин ҳамла тақрибан 20 нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон, кушта шуданд. Як корманди дигари полис ба хабаргузории Associated Press гуфт, ки амалиёт алайҳи ситезаҷӯён субҳи рӯзи 22 январ поён ёфт. Чаҳор нафар аз ҳамлагарон кушта шуданд, як нафарашон асир афтод.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Аш-Шабоб» ба зимма гирифтааст.

XS
SM
MD
LG