Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии ҷудо дар Куба ширкат мекунанд.

Дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии ҷудо (Judo Grand-Prix Havana 2016), ки рӯзҳои 22-24 январ дар пойтахти Куба - шаҳри Ҳавана - баргузор мешавад, 388 варзишгар (233 мард ва 155 зан) аз 66 кишвар ширкат меварзад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти пурнуфузи байнулмилалӣ чаҳор гуштигир намояндагӣ мекунад. Фарҳод Раҳимов дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило рақобат хоҳанд кард.

Натоиҷи қуръакашӣ бо ширкати гуштигирони тоҷик:

Вазни то 81 кг (ҳамагӣ 38 гуштигир). Фарҳод Раҳимов (Тоҷикистон) – Ҷорҷ Мартинез (Куба).

Вазни то 90 кг (ҳамагӣ 41 гуштигир). Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Аксел Клергет (Фаронса) – Ҷуан Гомез Керрера (Куба).

Вазни то 100 кг (ҳамагӣ 34 гуштигир). Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) – Андӣ Гранда (Куба).

Вазни беш аз 100 кг (ҳамагӣ 23 гуштигир). Ониер Бланко (Куба) – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон).

Мусобиқа байни мардон дар 7 вазн - 60, 66, 73, 81, 90, 100, + 100 кг ва миёни занон низ дар 7 вазн - 48, 52, 57, 63, 70, 78, + 78 кг – барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 100 000 доллар мебошад:
Барои ҷойи аввал: 3000 доллар (гуштигир - 2400 ва мураббӣ - 600 доллар)
Барои ҷойи дувум: 2000 доллар (гуштигир - 1600 ва мураббӣ - 400 доллар)
Барои ҷойҳои севум (2 варзишгар): 1000 долларӣ (гуштигир - 800 ва мураббӣ - 200 доллар).

Дар ин мусобиқот гуштигирон ба ҷуз ҷоизаҳои молӣ, инчунин барои гирифтани имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо мубориза мебаранд. Ба ғолибон 300 имтиёз, ба гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан 180 ва 120 имтиёз дода мешавад.

Барномаи мусобиқа:
22 январ (ҷумъа)
Мардон - 60, 66 кг; занон - 48, 52, 57 кг.
23 январ (шанбе)
Мардон - 73, 81 кг; занон - 63, 70 кг.
24 январ (якшанбе)
Мардон - 90, 100, беш аз 100 кг; занон - 78, беш аз 78 кг.

Бояд гуфт, ки гуштигирони тоҷик Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG