Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки башардӯстонаи Туркия ба осебдидагони Тоҷикистон


Бар асари заминларза беш аз ҳазор манзили маскунӣ хароб шуданд

Бар асари заминларза беш аз ҳазор манзили маскунӣ хароб шуданд

Давлати Туркия ба сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки аз заминларзаи моҳи гузашта осеб дида буданд, кумакҳои башардӯстона фиристодааст.

Бино ба иттилои сафорати Туркия дар Душанбе, ин кумакҳои мураккаб аз маводи ғизоӣ, дорую таҷҳизоти тиббӣ ва 500 адад болопӯши рахти хоб, ки вазни умумиаш 80 тоннаро ташкил медиҳад, ба манотиқи аз офати табиӣ осебдидаи Тоҷикистон ирсол шудааст.

Зимнан, дар рӯзи 7 декабри соли гузашта бар асари заминларза дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ду нафар кушта шуда, 1 ҳазору 327 манзили маскунӣ хароб гардида ва ҳудуди 8 ҳазор нафар бидуни сарпаноҳ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мизони хисороти ворида аз офати табииро 3,5 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кардаанд.

То ҳол Амрико, Озарбойҷон, Корияи Ҷанубӣ, Туркманистон, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Олмон ва Покистон ба осебдидагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG