Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти севуми Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 аз дастаи Латвия бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар севумин бозиаш дар 24-умин давраи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тими Латвия бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Ин бозии даври ниҳоии гурӯҳи “В” шаби панҷшанбеи 21-уми январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” баргузор шуд. Дар нимаи аввали дидор бозигарони мунтахаби Латвия Евгений Казачок (аз пеналтӣ) ва Сергей Воробёв ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду голи беҷавоб заданд.

Баъди танаффус, Парвизҷон Умарбоев, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 64-ум ҳисобро тағйир дод. Пас аз 17 дақиқа голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Нозим Бобоҷонов вориди дарвозаи тими Латвия намуда, ҳисобро баробар кард. Вале дар дақиқаи 87-ум голи севум ва ҳалкунандаи мунтахаби Латвияро Иля Шадчин ба ҳадаф расонд.

Ин бохти севуми паиҳами мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, дар Ҷоми Иттиҳод-2016 ба шумор меравад. Дарвоқеъ, Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар сабқати гурӯҳии ин мусобиқоти байнулмилалӣ имтиёз нагирифтааст.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Молдова (ғолиби гурӯҳи “А”) ва Русия (ғолиби гурӯҳи “В”) ба бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 23 январ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро гирифтанд – Қирғизистон ва Эстония - барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол карданд – Беларус ва Латвия - барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор гирифтанд – Қазоқистон ва Тоҷикистон - барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Латвия – Тоҷикистон – 3:2

Голҳо: Евгений Казачок, 23 – аз пеналтӣ (1:0). Сергей Воробёв, 50 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 64 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 81 (2:2). Иля Шадчин, 87 (3:2).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Соҳибҷон Ҳакимов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Эргашев, Фирӯз Қараев, Фирӯз Раҳматов (Эҳсони Панҷшанбе, 76).

Бозигарони беҳтарин: Сергей Воробёв (Латвия), Ҷаҳонгир Алиев (Тоҷикистон).

21 январ. Санкт-Петербург. МВФ «Петербургский». 500 тамошобин.

Эстония – Русия – 1:2

Голҳо: Жабкин, 3 (0:1) Шейдаев, 37 (0:2). Ярва, 82 (1:2).

Ҷадвали ниҳоии сабқати гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Русия

3

3

0

0

6-3

9

2

Эстония

3

2

0

1

7-4

6

3

Латвия

3

1

0

2

5-6

3

4

Тоҷикистон

3

0

0

3

4-9

0

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Беларус – Молдова - 2:1

Голҳо: Залесский, 45 – аз пеналтӣ (1:0). Кэрэруш, 55 (1:1). Корзун, 59 (2:1).

ҚирғизистонҚазоқистон - 2:2

Голҳо: Куксин, 32 (0:1). Умаров, 52 – аз пеналтӣ (1:1). Тунгишбоев, 74 (1:2). Боколеев, 90 (2:2).

Ҷадвали ниҳоии сабқати гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Молдова

3

2

0

1

4-2

6

2

Қирғизистон

3

1

1

1

3-4

4

3

Беларус

3

1

1

1

2-2

4

4

Қазоқистон

3

0

2

1

2-3

2

23 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

13:00 – Қазоқистон – Тоҷикистон

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

15:15 – Беларус – Латвия

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

17:30 – Қирғизистон – Эстония

Бозии ниҳоӣ

21:00 – Молдова – Русия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG