Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия Русияро дар марги Литвиненко муттаҳам кард


Бозрасони Британия мегӯянд, ки ҳукумати Русия дар паси куштори Александр Литвиненко-агенти пешини амниятии Русия қарор дорад ва куштори вайро ба эҳтимоли зиёд Владимир Путин-раиси ҷумҳури ин кишвар дастур додааст.

Литвиненко дар соли 2006 даргузашта буд ва гуфта мешавад, ки дар паси ин куштор Русия қарор дорад.

Гузоришеро, ки Роберт Оуэн-қозии додгоҳи Британия таҳия кардааст, фасли дигареро ба фаъолиятҳои ҷосусӣ илова мекунад, кинӯшидани чой сабаби марги Литвиненко шудааст. Ба чои вай заҳри полониум 210-ро якҷоя карда буданд.

Маскав дар гузаштаҳо иттиҳомоти даст доштан дар марги Литвиненкоро рад мекард ва мегуфт, ки ба ин масъалаи хусусӣ ангезаи сиёсӣ медиҳанд.

20 январ сухангӯи Кохи Кремл гуфт, ки ин масъала дар миёни масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи президент Владимир Путин нест.Литвиненко қабл аз рафтан ба Британия барои ФСБ-и Русия кор мекард. Вай ба мунаққиди ошкори Путин табдил ёфта буд.

Бозрасони Британия мегӯянд, ки Литвиненкои 44 сола, ҳангоме ки дар як меҳмонсарои муҷаллал дар Лондон бо ду марди дигар Дмитрий Ковтун ва Андрей Лугавой зиндагӣ мекард, заҳри полониум 210-робо чой нӯшидааст. Баъд аз се ҳафтаи он вай дар бемористони Лондон ҷон додааст.

Нишонаҳои полониумро дар Лондон дар ҷойҳое пайдо кардаанд, ки Лугавой ва Ковтун гашту гузор кардаанд ё ҳузур доштаанд, аз ҷумла дар дафтари корӣ, дар меҳмонсаро, дар ҳавопаймо ва дар варзишгоҳи футбол.

Русия розӣ нашуд, ки Лугавой ва Ковтунро ба Британия таслим кунад. Ин ҳодиса муносибатҳои миёни Русия ва Британияро баъд аз ҷанги сард ба сатҳи поин овард.

XS
SM
MD
LG