Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири тоҷик дар майдони сохтмонии Маскав ҳалок шуд


Бино ба гузориши ниҳодҳои қудратии Маскав, дар яке аз майдонҳои сохтмонӣ дар минтақаи шимоли ин шаҳр муҳоҷири кории тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Ин манбаъ гуфтааст, зӯҳри рӯзи гузашта як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон ба ҳангоми корҳои кафшергарӣ аз баландии бинои бунёдшаванда сарозер шудааст.

Ниҳодҳои бозрасӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG