Пайвандҳои дастрасӣ

Илфат Маҳмудов, ғаввоси ботаҷрибаи тоҷик мегӯяд, ки асосан онҳоро барои берун овардани ҷасадҳо аз қаъри дарё даъват мекунанд.

Бист рӯзи пеш дар пай як садамаи нақлиётӣ мошини "ВАЗ 2107" бо панҷ мусофираш ба чуқурии бештар аз 12-метрии дарёи Вахш сарозер шуд. Кормандони ҳолатҳои изтирорӣ танҳо ду нафари онҳоро наҷот доданд. Баъди се рӯзи ин ҳодиса гурӯҳи ғаввосони нерӯгоҳи барқи обии Норак боз ду ҷасади дигарро аз об бароварданд.

Ҷасади нафари сеюм, ки дар ҷараёни садама худро аз мошин берун афканда буд, дар соҳили дарё пайдо шуд. Ҷараёни тунди рӯдхонаи Вахш кори ғаввосҳоро дар берун кашидани сабукрав бисёр душвор кард.

Илфат Маҳмудов, ғаввосе бо таҷрибаи 20-сола мегӯяд, “мо роҳҳои чӣ тавр берун кашидани мошин ва ҷасадҳоро ҷустуҷӯ кардем. Мошинро дар зери об пайдо карда, берун овардем. Ҳар сол ба 10-15 ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон моро даъват мекунанд ва барои берун кшаидани ҷасадҳо аз дарё кумак мерасонем.”

Илфат Маҳмудов

Илфат Маҳмудов

Маҳмудов хатмкардаи мактаби ғаввосҳои шаҳри Воронежи Русия аст ва метавонад то 60 метр ба қаъри дарё шино кунад. Вазифаи аслии ӯ, назорати умқи нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон иборат аст. Ӯ касби худро дуст медорад ва ҳар боре наҷоти инсон барояш даст медиҳад, бисёр хушнуд мешавад. Аммо мегӯяд, дар бисёр ҳолат ҷасадҳоро аз об берун карда ва хеле афсурдаву ғамгин мешавад. Баъзан метарсад.

Ин ғаввоси тоҷик барои аз зери об берун кашидани ҷасадҳо ҳангоме даъват мешавад, ки хатар дар макони ҳодиса хеле зиёд аст. Ӯро на танҳо дар навоҳии атрофи шаҳри Норак даъват мекунанд, балки дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ, вақте ҷасадро аз зери об пайдо карда наметавонанд, аз кумаки вай истифода мекунанд.

Эмомалӣ Ҷобиров, сардори гурӯҳи ғаввосони нерӯгоҳи Норак, "тобистони соли гузашта як нафар аз тарафи Себистон дар баҳри Норак калиди Лексусашро гум кард. Илфат бо шогирдонаш аз чукурии 20 метр ӯро пайдо кардаанд. Илфат дар мушкилтарин ҳолатҳо дохили об шуда, кори худро моҳирона анҷом медиҳад."

Дар гурӯҳи ғаввосҳои нерӯгоҳи Норак бо Илфат Маҳмудов 5 нафари дигар кор мекунанд. Аксари ин ғаввосони ҷавон дастпарвари Маҳмудов мебошанд. Ҳар яке аз инҳо дар баробари фаъолияти рӯзмарраи худ, ки аз таъмини техникии нерӯгоҳҳо дар зери об иборат аст, ҳодисаҳоеро таҷриба кардаанд, ки то дергоҳ аз ёдашон намеравад. Ҳар дафъа қабл аз ғӯта задан ба зери об, онҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, аммо ҳолатҳое низ ба миён меоянд, ки онҳо дар зери об эҳсоси заъф мекунанд ва кори дилашон суст мешавад. Онҳо мегӯянд, мушкилтарин лаҳзаи корашон рӯ ба рӯ шудан бо ҷасадҳост.

“Ҳодисае, ки ҳеч фаромӯш карда наметавонам аз зери об берун овардани ҷасади ду хоҳар ва келинашон дар шаҳри Норак буд. Ин ҳодиса тобистони соли 1999 буд. Онҳо дар замин кор мекарданд дар лаби дарё. Хоҳари хурдаш вақте ғарқ мешавад, келинашон мехоҳад ӯро наҷот диҳад, ки худаш ҳам ба об меравад. Апаашон аз дунболи ин ҳарду медавад, ки ӯ низ ба об меафтад,” – нақл кард Маҳмудов.

Танҳо дар соли 2015 Илфат Маҳмудов ва шогирдонаш ҳудуди 20 ҷасадро аз минтақаҳои мухталифи кишвар аз об берун кашидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG