Пайвандҳои дастрасӣ

Михаил Моисеев-муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатии Русия мегӯяд, пешниҳод шудааст, то ба шаҳрвандони Русия, ки дар таркиби нируҳои мусаллаҳи Русия дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунанд, иштирокчии ҷанг дода шавад ва онҳо аз ҳар гуна имтиёз бархурдор гарданд.

Моисеев гуфтааст, ки вай таҳиякунандаи пешнависи ин қонун аст ва имтиёзҳои иштирокчии ҷанги Сурия мисли имтиёзҳои иштирокчии ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар пешнависи ин қонун омадааст, ки иштирокчиён 50 дарсади андози хонаро пардохт мекунанд. Гузашта аз ин онҳо ҳақ дорад, ки бидуни навбат дар хонаашон соҳиби телефони шаҳрӣ шаванд.

Онҳо ҳамчунин барои муолиҷаи тиббӣ имтиёз пайдо мекунанд. Аз ҷумла, онҳо барои баъзе доруҳо пул пардохт нахоҳанд кард. Онҳо барои рухсатӣ метавонанд вақти муносибро интихоб кунанд.

Чунин имтиёзҳоро дар Русия ба ҷуз аз иштирокчиёни ҷангҳои Тоҷикистону Сурия ҳамчунин иштирокчиёни ҷангҳои Приднестровие, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон низ доранд.

XS
SM
MD
LG