Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон вориди порламони Молдова шуданд


Молдова, Кишинёв
Молдова, Кишинёв

Ширкаткунандагони хашмгини эътирозот баъд аз тасдиқи ҳукумати аврупогаро бо раҳбарии Павел Филипп вориди бинои порлумон шуданд.

Пештар 57 вакили порлумони 101 нафарӣ ба пуштибонӣ аз ҳайати ҳукумати пешниҳодшудаи Филипп овоз доданд. Павел Филиппи 49 сола узви Ҳизби демократии ҳукмрон аст. Аз соли 2011 вай вазифаи вазирии мухобирот дар ҳукуматҳои нахуствазирони мухталифро иҷро мекард.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова аз моҳи октябр идома дорад. Он замон ҳукумати пешин дар пайи ҷанҷоли фасодӣ ба истеъфо рафт.

Овоздиҳӣ дар порлумон зери тадбирҳои шадиди амниятӣ сурат гирифт. Садҳо маъмури пулис аз вуруди эътирозгарон ба бинои порлумон пешгирӣ мекарданд. Гирдиҳамомадагон баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлатро талаб доштанд.

Ташкилкинундагони ин эътирозот гурӯҳҳои мухолифи русгаро буданд, аммо дар миёни онҳо ҷунбишҳои аврупогаро низ буданд. Ин идда аз мухолифон бар ин назаранд, ки дар ҳайати нави ҳукумат ба гунаи ҳайати пешини ҳукуматӣ намояндагони ҳизбҳое шомил шудаанд, ки аз аъмоли фасодӣ даст нахоҳанд кашид.

XS
SM
MD
LG