Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фармони интихоботи ғайринавбатии парлумонии Қазоқистонро имзо кард.

Интихоботи вакилони парлумон 20 март барпо хоҳад шуд.

Дар оғози ин ҳафта Назарбоев бо раиси маҷлис Ҳабибулло Яъқубов, сарвазир Карим Масимов ва раҳбари дастгоҳи президент Нурлан Нигматулин мулоқот кард. Дар ин мулоқот Назарбоев гуфт, иқдоми баргузории интихобот як сол қабл аз муҳлатро мардум “пуштибонӣ” мекунанд, ки “назарсанҷиҳои оммавӣ” далели он аст.

13 январ вакилони маҷлис аз президент “хоҳиш” карданд, ки палатаи поёнии парлумонро пароканда ва интихоботи нав таъйин кунад. Ин хоҳиши худро вакилон бо он асоснок карданд, ки маҷлис “рисолати худро иҷро намудааст” ва ҳамчунин барои муқобила бо “буҳрони сартосарӣ” ин интихоботро зарур донистанд.

Интихоботи ахири парлумонӣ дар Қазоқистон моҳи январи солии 2012 барпо шуда буд. Он замон ба маҷлис се ҳизб – ҳизби президентии “Нур Отан”, ҳизбҳои ҳукуматгарои “Ак жол” ва Ҳизби халқии комунистӣ ворид шуданд. Муҳлати ваколати намояндагони маҷлис – 5 сол аст. Тибқи қонунгузории Қазоқистон, аз 107 вакил 98 нафар тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад, 9 вакили дигарро Анҷумани халқҳои Қазоқистон интихоб менамояд.

XS
SM
MD
LG