Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон мотами миллӣ эълон шудааст


Чорсада
Чорсада

Дар Покистон 21 январ рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Як рӯз пеш тундравҳои исломӣ ба донишгоҳи Бачахони шаҳраки Чорсадаи вилояти Хайбар Паштунхвоҳ ҳамла бурданд ва донишҷӯёну устодони ин донишгоҳро ҳадаф қарор доданд.

Артиши Покистон аз ҳамлакунандагон 4 марди мусаллаҳро ба қатл расонд. 21 нафар дар ин ҳамла ҷон бохтанд. Як нафари охир дар бемористон аз захми тир ҷон дод.

Парчамҳои миллӣ дар бинои порламон ва биноҳи дигари ҳукуматӣ поин оварда шудаанд. Пулис дар саросари кишвар дар мактабҳо ва донишгоҳҳо тадобири амниятиро тақвият додааст.

Орифхон-вазири маорифи вилояти Хайбар Паштунхвоҳгуфтааст, ки танҳо донишгоҳи Бачахон, мактаби марбут ба он ва донишгоҳи Абдулвалихон дар шаҳраки Мардон баста мебошанд.

Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Моҳи декабри соли 2014 дар ҳамлаи тундравҳои Толибон дар яке аз мактабҳои Пешовар 140 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо кӯдакон буданд.

XS
SM
MD
LG