Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия $1 ба 84 рубл баробар шуд


21 январ арзиши рубли русӣ боз ҳам поинтар рафт ва як доллар ба 84 рубл баробар шуд. Рубли русӣ, ки дар 18 моҳи охир ба сабаби поин рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодии Ғарб бар зидди Русия барои ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳони шарқи Украина дар ҳоли суқут аст, дар баробари пули евро низ поин рафтааст ва акнун як евро ба 92 рубл баробар шудааст.

Дар рӯзҳои гузашта нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафт, чун Теҳрон эълон кард, ки баъди аз миён бардоштани таҳримҳои Ғарб истихроҷи нафтро аз 500 ҳазор бушка дар як рӯз ба 3,3 миллион бушка мерасонад.

XS
SM
MD
LG