Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситорашиносон сайёраи навро кашф кардаанд


Space -- A NASA diagram shows the orbits of several moons located close to the planet Neptune
Space -- A NASA diagram shows the orbits of several moons located close to the planet Neptune

Ситорашиносон Майкл Браун ва Константин Батигин аз донишгоҳи технологии Калифорния бар ин ақидаанд, ки онҳо дар низоми офтобӣ сайёраи нуҳумро кашф кардаанд, ки андозаи он ба Нептун баробар аст.

Дар ин бора маҷаллаи “Сайенс” бо такя ба “Астрономикал ҷорнал” хабар додааст. Ҳисобҳо собит сохтаанд, ки ин сайёра дар атрофи офтоб давр мезанад ва андозаи он даҳ баробари сайёраи Замин аст.

Ба сабаби дур будан аз офтоб ин сайёра дида намешавад ва дар ҳар 10-20 ҳазор сол як бор дар атрофи офтоб даври пурра мезанад.

XS
SM
MD
LG