Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири тоҷик ҳамла ба донишгоҳро маҳкум кард


Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Бачахони Покистонро шадидан маҳкум кардааст. Ӯ зимни як баёния ин ҳамлаи террористиро "даҳшатбор ва алайҳи инсоният" хондааст.

Рӯзи 20 январ гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи Бачахон дар канори шаҳри Пешовари Покистон ҳамла карданд, ки бар асари он 21 нафар, ба шумули профессорону духтарони донишҷӯ кушта шуданд.

Ба қавли масъулони донишгоҳи Бачахон, дар ин муассиса тахминан 3 ҳазор нафар таҳсил дошта, рӯзи чоршанбе дар бинои донишгоҳ наздик ба 600 меҳмон барои иштирок дар як ҷамъомаде ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG