Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе 1 миллиону 200 000 нафарро меғунҷонад


Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асоси нақшаи генералии Душанбе 1 миллиону 200 ҳазор нафар имкони зист дар пойтахтро хоҳанд дошт. Ин нуктаро Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори кишвар, 21 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, ки бар асоси нақшаи то соли 2005 Душанбе имкони ғунҷоиши 750 ҳазор нафарро доштааст.

Сармеъмори кишвар дар идома аз бунёди ду шаҳраки муосир дар ду гӯшаи пойтахт хабар дода, гуфт, ки ҳоло буҳрони молӣ ба нархи манзил дар Душанбе таъсир гузоштааст. "Агар ду соли пеш нархи як метри мураббаи манзил дар биноҳои маркази пойтахт 1300-1400 долларро ташкил медод, ҳоло то ба 850-830 доллар поин омадааст," -- гуфт ӯ.

Қудратулло Файзуллоев афзуд, биноҳои нав ба заминларзаи аз 7 то 9 балл тобоваранд.

XS
SM
MD
LG