Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти приставҳои ҷумҳурии Бошқирдистони Русия мегӯянд, дар тӯли соли 2015 аз ҳудуди ин минтақа 588 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Инҳо муҳоҷиронеанд, ки бо ҷурми поймол кардани қоидаҳои будубош дар Русия бо ҳукми додгоҳ ихроҷ шудаанд. 367 муҳоҷири ихроҷшуда аз Узбакистон ва 113 нафари дигараш аз Тоҷикистон будаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 1 январ шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ҳар сол аз ин кишвар то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кораш барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

XS
SM
MD
LG