Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз лӯлиёни ҷавон дар ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки аз талбандагӣ даст кашида, дари хонаҳои сокинонро на ба хотири нони қоқ, балки барои фурӯхтани асбоби рӯзгор мекӯбанд.

Лӯлиёни Восеъ ҳоло дар ошхонае хӯроки наҳор ва шом мехӯранд, ки хос барои онҳо бунёд шудааст. Ин ошхона шеваи ғизохӯрии лӯлиён, ки то ин дам дар роҳ бо нони хушк қаноат мекарданд, тағйир додааст.

“Натавонистам аз лӯлиён ҷудо шавам”

Бахтуллоҳ Мирзоев, соҳиби ин ошхона директори собиқи мактаби вижаи лӯлиён дар ноҳияи Восеъ аст, ки солҳо боз барои дигар кардани зиндагии ин қавм талош кардааст. Сӣ сол пеш ӯ назди деҳаи лӯлиён барои кишоварзӣ замин гирифт ва ин порчаи замин ҳаёти ӯро ба лӯлиён пайваст. Дар таъсиси нахустин мактаби лӯлиён дар ин ноҳия дар соли 2006 саҳм гузошт ва то се соли пеш вазифаи директори ин мактабро бар дӯш дошт. Пас аз нафақа натавонист аз ин мардум, ки ба тавсифи ӯ “дӯстдоштанӣ ва накӯхислатанд”, ҷудо шавад. Ошхона бунёд кард, то ғизохӯрии онҳоро низ роҳаттар кунад.

Шомад Бозоров, як лӯлитабори 63-солаи сокини деҳаи Паҳлавонободи Восеъ мегӯяд, ин мард на танҳо кӯдаконашонро таълим дод, балки ба деҳаашон оби ошомиданӣ низ овард: “Муаллим бисёр марди хуб аст.

Бахтуллоҳ Мирзоев

Бахтуллоҳ Мирзоев

Барои мо мактаб кард, об овард, аз ноҳия муалим овард. Бисёр моро эҳтиром мекунад. Ҳоло боз бароямон ошхона сохт. Шабу рӯз дар дар паҳлӯямон аст. Дар маргу мурдаамон моро ҳамроҳӣ мекунад. То ҳол ягон касро гапи пасту баланд нагуфтааст.”

Зулфиқор Темуров, ҷавони дигари лӯлӣ мегӯяд, то ба деҳа омадани ин мард аҳволашон он қадар хуб набуд. Ин мард дар гирифтани шаҳодатнома ва шиноснома низ барояшон кумак кардааст. “То омадани муаллим мо шиносномаву шаҳодатнома надоштем. Бароямон кор пайдо кард ва кӯшиш кард, ки зиндагии мо хуб шавад,” – гуфт ӯ.

Даврон Маҳмадалиев, лӯлитабори дигар мегӯяд, ин ҷо мисли дигар ошхонаҳо барояшон хӯрок мефурӯшанд, аммо аз ҳама барояшон муносибат хуб аст: “Дар ҳеч ҷо мо худамонро ба мисли ин ҷо озод эҳсос намекунем. Мо муаллимро хуб мефаҳмем ва муаллим моро хуб мефаҳмад.”

Лӯлиёни ҷавон тарки талбандагӣ мекунанд

Реҷаи кори ошхона ба замони хӯрокхӯрии лӯлиҳо, соати 8-и субҳ мувофиқ шудааст. Саҳар дар ин ошхона ба ҷуз лӯлиён касе дигар субҳона намехӯрад. Ин замонест, ки лӯлиён барои талбандагӣ берун мешаванд ва бегоҳ аз талбандагӣ бармегарданд. Хӯроки аслии лӯлиён дар ин ошхона ҳасиб, тухм ва картошкаи бирён аст, ки аз 3 то 8 сомонӣ арзиш дорад. Ин ҳам ягона макони ғизохӯрии роҳат ва мувофиқ барои лӯлиён аст.

На ҳамаи лӯлиёне, ки аз ин ҷо берун мешаванд, ба талбандагӣ мераванд. Ҷавонони лӯлӣ аксаран барои ширкатҳои чинӣ мӯи сар ҷамъ меоварданд ва ҳамзамон барои сокинони деҳоти дурдаст, маҳсулоти гуногуни рӯзгор бурда мефурӯшанд.

Ситора, як ҷавондухтари лӯлӣ мегӯяд: “Бо талбандагӣ дигар намешавад рӯз гузаронд. Ҳоло мо аз бозор дегу табақу дигар ҷиҳоз гирифта, ба деҳоти дурдаст рафта мефурӯшем ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронем. Моро мошинҳои хос то ба ин деҳаҳо бурда, боз бегоҳ бармегардонанд.”

Танҳо дар тирамоҳ лӯлиён футболбозӣ мекунанд

Ошхона макони сӯҳбату баҳс миёни лӯлиён аст. Лӯлиён мегӯянд, ҳоло маткабу ошхонаи худро доранд, аммо танҳо барояшон майдончаи варзишӣ намерасад. Ҳасани Файзалӣ, як ҷавонписари лӯлӣ, ки хеле футболро дӯст медорад, гуфт, аз ҳукумати маҳаллӣ тақозо дорад, то барояшон майдончаи варзишӣ бисозад.

Ин ҷавон мегӯяд, заминҳои атрофи деҳа гандум кишт мешавад ва онҳо танҳо дар тирамоҳ ба муддати ду моҳ имкони бозии футбол дар ин майдони аз гандумзор холиро доранд: “Хеле дӯст медорам, ки футболист шавам, аммо ҷойи бозӣ нест. Заминҳоро, ки гандум карданд, футболбозии мо тамом мешавад. Хоҳиш дорем, ки ҳукумат бароямон майдонча бисозад. Ин охирин хоҳиши мо аз ҳукумат аст.”

Имтиёз ба лӯлиён

Рӯзе аз 30 то 50 лӯлӣ дар ин ошхона ғизои субҳ ва шом мехӯранд. Соҳиби ошхона ҳам барои ҷалби бештар лӯлиён имтиёз додааст. Бахтуллоҳ Мирзоев, соҳиби ошхона ва ягона фарди мӯътабри аз миёни тоҷикон дар назди лӯлиён мегӯяд: “Ин ҷо мо барояшон имтиёз додаем ва нархро ҳам сари ҳар нафар як сомонӣ поин мебарем. Мо эҳтиромшон мекунем. Рости гап дар дигар ҷо бисёр хуб қабулшон намекунанд. Аз тарафи дигар бисёр вақт пул надоранд ва мо барояшон қарз ҳам хӯрок медиҳем.”

Лӯлиён мегӯянд, дар дигар ошхонаҳо онҳоро ҳам барои хӯрокхӯрӣ қабул мекунанд, аммо вақте онҳо вориди ошхона мешаванд, сокинони дигар бидуни ҳарф он ҷоро тарк мекунанд. Ин рафтори сокинонро лӯлиён хуш қабул надоранд ва аз ин рӯ, ошхонаи хос барои худро беҳтарин иқдом медонанд.

Бахтуллоҳ Мирзоев, ки то як соли пеш рӯзи худро бо тадриси лӯлиён пушти сар мекард, ҳоло дар ошхонаи худ ба меҳмондори аслии онҳо табдил ёфтааст. Дар ноҳияи Восеъ дар ду ҷамоат беш аз 3 ҳазор лӯлитабор зиндагӣ мекунанд, ки асосан бо урфу одати худ фарқ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG