Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ дар Ироқ 3500 нафарро ғулом кардааст


Гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ тақрибан 3 500 нафар, аз ҷумла зануну кӯдаконро дар Ироқ ба ғуломӣ даровардааст. СММ дар ин бора дар гузориши худ хабар додааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ масъулияти аъмолеро бар уҳда дорад, ки “мумкин аст боиси афзоиши ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят бар зидди башарият ва қатли ом шавад”.

Дар гузориши намояндагии СММ дар Ироқ ва Комиссариати Олии СММ дар бахши ҳуқуқи башар гуфта мешавад, ки “гурӯҳи Давлати Исломӣ истифодаи занону кӯдаконро чун ғуломи шаҳвонӣ идома медиҳад”.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки нируҳои амниятии Ироқ як ҷо бо ҷангандаҳои Пешмаргаи курд низ шаҳрвандонро куштаанд ва ё рабудаанд.

Дар гузориш омадааст, дастикам 18 802 шаҳрванд аз моҳи январи соли 2014 то моҳи октябри соли 2015 кушта ва 36 245 нафари дигар захмӣ шудаанд.

СММ мегӯяд, ин гузориш бар асоси санҷишҳои қурбониён, наҷотёфтаҳо ё шоҳидони нақзи ҳуқуқи башар таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG