Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи маргбори зукоми хук дар Қазоқистон ва ИДМ


Мақомоти Қазоқистон 19 январ аз нахустин ҳодисаи фавт дар пайи гирифторӣ ба зукоми хук хабар доданд.

Ҳодисаҳои фавти одамон дар пайи ин беморӣ дар кишварҳои дигари ИДМ низ ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз марги панҷ бемор хабар доданд. Дар маҷмуъ, дар беморхонаҳои он шаҳр 310 бемор бо ташхиси эҳтимолии гирифторӣ ба H1N1 (вируси зукоми хук) бистарӣ шудааст. Бино бар гуфтаи намояндаи Роспотребнадзор Анна Попова, дар 17 вилояти Русия даҳҳо нафар бистарӣ гардидааст.

Вазорати тандурустии Украина марги 51 беморро дар пайи мубталоӣ ба ин вирус тасдиқ кард. Дар Арманистон марги 16 мубталои зукоми хук ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG