Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони тиҷорат ва сиёсати ҷаҳонӣ дар Давоси Шветсария барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалии иқтисодӣ гирдиҳам омадаанд. Ширкаткунандагон масъалаҳои муҳимеро, ки ҷаҳон дар солҳои оянда ба он рӯ ба рӯст, дар ин ҳамоиш баррасӣ мекунанд.

Таъсири бӯҳрони муҳоҷират ба ояндаи Иттиҳодияи Аврупо, мубориза бар зидди тундравҳои ифротӣ, мубориза бо гармоиши замин, чолишҳои иқтисодӣ дар баробари поин рафтани арзиши нафт ва кунд шудани суръати рушди Чин аз ҷумлаи ин масъалаҳо ба шумор мераванд.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико субҳи 20 январ барои музокира бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия вориди Тсюрих шудааст.

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ бештар ба ҳали муноқишаи миёни ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина таъкид кунад.

Интизор меравад, ки вай ҳамчунин музокироти сулҳи Сурияро, ки бо миёнҷигарии СММ ҳафтаи оянда оғоз мешавад, ба баррасӣ бигирад.

Ҷон Керрӣ баъд аз музокира бо Лавров дар ҳамоиши иқтисодии Давос ширкат меҷӯяд.

XS
SM
MD
LG