Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба донишгоҳи Бачахони Покистон


Донишгоҳи Бачахон
Донишгоҳи Бачахон

Як мақоми маҳаллӣ дар вилояти Хайбар Паштунхвоҳи Покистон мегӯяд, ки 20 январ дар ҳамла ба донишгоҳе дастикам 21 нафар, аз ҷумла донишҷӯёну кормандон кушта шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтаанд.

Шумораи кушташудагонро Шавкат Юсуфзай-мақоми маҳаллӣ дар ҳоле эълон кард, ки даргириҳо дар донишгоҳи Бачахон дар шаҳраки Чорсада идома дошт. Чорсада дар 17 километрии шимоли шарқи Пешовар-маркази вилояти Хайбар Паштунхвоҳ ҷойгир аст.

Пулис мегӯяд, ки онҳо дастикам ду тундравро куштаанд, вале дар табақаҳои дуввум ва севвуми бинои донишгоҳ тундравҳо сангар гирифта буданд.

Дар донишгоҳ садои ду таркиши бузург низ шунида шудааст. Донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба бахши Машъали Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки тундравҳо ба биноҳои таълими компютерӣ ва мудирияти илмӣ замоне тирандозӣ карданд, ки ғубор ё туман атрофро пӯшонида буд.

Пулис баъдтар гуфт, ки онҳо бештари донишҷӯёнро наҷот додаанд.

XS
SM
MD
LG