Пайвандҳои дастрасӣ

Марги зан дар пайи лату кӯби шавҳар


Дар ҷараёни моҷарои оилавӣ ва лату кӯб зани 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳртуси вилояти Хатлон ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳангоми анҷоми корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ шавҳари ин зан ба гумони содир кардани ҷинояти мазкур дастгир шудааст.

Тибқи хабари ин манбаъ, соати 13.30-и рӯзи 13 январи соли ҷорӣ шавҳар дар манзили зист бо ҳамсараш моҷаро карда ва ӯро шадидан лату кӯб намудааст, ки бар асари он зан ҷароҳати сангин бардошта ва дар маҳали ҳодиса фавт кардааст.

Ҳамакнун дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома доштааст.

XS
SM
MD
LG