Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” дар бозии санҷишӣ бо “Олмалиқ”


“Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷиширо бо «Олмалиқ»-и вилояти Тошканд бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозии санҷиширо дар шаҳри Тошканд бо тими «Олмалиқ» бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 19-уми январ дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор” баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, ки алъон аз санҷиш мегузарад, боз кард. Голи ҷавобиро Ислом Исоқҷонов, бозигари “Олмалиқ”, дар оғози нимаи дувуми дидор ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Давронҷон Эргашев, собиқ ҳимоятгари «Жетису»-и Қазоқистон ва Акмал Холматов, собиқ нимҳимоятгари «Нефтчӣ»-и Фарғона, дар ҳайати “Истиқлол” бозигаронро иваз карданд.

“Истиқлол” дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав бо тимҳои Узбакистон боз ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Футболбозони Душанбе 22 январ бо «Нефтчӣ-и Фарғона» ва 25 январ бо “Насаф”-и Қаршӣ рақобат мекунанд. Бозиҳо дар шаҳри Тошканд, дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”, баргузор мешаванд.

Дастаи “Истиқлол” ба Тошканд дар рӯзи ин бозиҳо аз шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки феълан дар ин ҷо ҷамъомади таълимиву тамринии даста ҷараён дорад, сафар хоҳад кард.

Бозии санҷишӣ

«Олмалиқ» (Узбакистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Александр Каблаш, 18 (0:1). Ислом Исоқҷонов, 55 (1:1).

«Олмалиқ» (Узбакистон): Умед Хонимқулов, Раҳмат Бердимуродов, Абдуқаҳҳор Ҳоҷиакбаров, Евгений Гогол, Достон Абдураҳмонов, Ислом Инъомов, Дониёр Исмоилов, Арслон Амонов, Дарко Станоевич, Рузим Аҳмадов, Диёр Туробов.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов.

Аз бозӣ хориҷ шуд (боҳуқуқи таъвиз): Петро Ковалчук («Истиқлол»), 45+1.

Сардовар: Виктор Серазитдинов (Тошканд).

19 январ. Тошканд. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор». 72 тамошобин.

XS
SM
MD
LG