Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике барои қатли рӯҳонӣ 10 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Канавинскии шаҳри Нижний Новгороди Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қатлу ғорат ба муддати 10 сол равонаи зиндон кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Нижний Новгород, ин мард, ки номаш зикр нашудааст, рӯзи 3 январи соли гузашта дар надики манзилаш дар кӯчаи Чкалови ин шаҳр бо рӯҳонии 55-солаи рус моҷаро карда ва бо зарбаи шишаи май ба сараш ӯро аз пой даровардааст.

Рӯҳонӣ бар асари ин зарба даргузаштааст. Ин фард телефони ҳамроҳ, 20 ҳазор рубли русӣ ва ашёҳои рӯҳониро ғорат кардааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба таври қонунӣ дар ҳудуди Русия қарор дошта ва дар солҳои қаблӣ низ ба ҷурмҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои торнамои Додситонии кулли Русия дар додгоҳи шаҳри Маскав баррасии парвандаи Фурқат Холов ва Санъат Хайруллоев, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон оғоз шудааст. Ин ду нафар дар қатли ду ронандаи таксӣ дар солҳои 2014 ва 2015 гумонбар шудаанд.

Ин манбаъ навиштааст, Холов ва Хайруллоев аз моҳи декабри соли 2014 то январи соли гузашта бо мақсади тасарруфи мошинҳо ба ронандагони таксӣ, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул буданд, ҳамла карда ва бо таппончаи травматикӣ ронадаҳоро куштаанд.

Кормандони пулиси Маскав дар рӯзи 12 январи соли гузашта Фурқат Холов ва Санъат Хайруллоевро дастгир карда ва онҳо то ба ҳол дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шудаанд.



XS
SM
MD
LG