Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раббонӣ: Толибон ҳанӯз ҳам интихоб доранд


Мулоқоти навбатии «чаҳоргона» - дипломатҳои Афғонистон, Покистон, ИМА ва Чин ба хотири мусоидат ба гуфтушуниди мустақими сулҳ миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши «Толибон» рӯзи 6 феврал дар шаҳри Исломобод баргузор мешавад.

Хабари дар Исломобод баргузор шудани нишасти саввум баъд аз анҷоми гуфтугӯи ҳайатҳои "чаҳоргона" - Афғонистон, Покистон, ИМА ва Чин дар шаҳри Кобул нашр шуд. Дар изҳороти муштарак баъд аз анҷоми нишасти Кобул таъкид гардид, ки дар “нақшаи роҳ”-и мусоидат ба гуфтушуниди оянда пешрафт ба даст омад. Ҳадаф аз “нақшаи роҳ” – таъини иқдомҳои мушаххас аст, ки шароити матлубро барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ фароҳам созад, омадааст дар баёния.

Дар ин санад аз мусаллаҳони толиб хоста шудааст, ки барои расидан ба сулҳ бо ҳукумати Афғонистон вориди гуфтугӯ шаванд ва мушкилотро аз тариқи музокироти сиёсӣ ҳалу фасл кунанд. Дар баёния ба хатми хушунат алайҳи мардум ҳам таъкид шудааст.

Дар нишасти Кобул Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири умури хориҷа ва ҳамтои покистонияш Эъзоз Чаудрӣ, сафири ИМА дар Кобул ва намояндаи вижаи ҳукумати Чин дар умури Афғонистон ҳузур доштанд. Даври аввали музокироти ҳайатҳои чаҳор кишвар як ҳафта пеш дар Исломобод баргузор шуда буд. Ба ҳарду нишасти намояндагони ҷунбиши "Толибон" даъват нашуда буданд.

Салоҳиддин Раббонӣ
Салоҳиддин Раббонӣ

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, дар нишасти хабарӣ дар Кобул, баъд аз хатми нишасти “чаҳоргона”, аз Толибон хост, ки сари мизи музокирот бо ҳукумати Афғонистон нишинанд, зеро сарпечӣ аз гуфтушунид мухолифинро ҳарчӣ бештар дар инзивоъ қарор хоҳад дод. Онҳое, ки фурсати пешомада барои пайвастан ба раванди сулҳро аз даст медиҳанд, ба гунаи ошкор собит месозанд, ки Афғонистон дорои ҳокимият, истиқлол, субот, сулҳ ва рифоъ ба нафъи онҳо нест ва аҳдофи онҳо - даҳшатафканӣ ва вайронгарӣ мебошад, гуфт сиёсатмадори афғон.

Ҳамзамон Салоҳиддин Раббонӣ афзуд, афғонҳо ба раванди сулҳе, ки фардояш норушан аст, бовар нахоҳанд кард.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, таҳлигари сиёсии муқими Кобул мегӯяд, тайи ин солҳо, ки дар Афғонистон ҷангу хунрезӣ идома дорад, эътимоди мардум ба гуфтушунидҳо хусусан бо миёнҷигарии кишвари ҳамсоя Покистон тақрибан аз байн рафтааст. Агар шумо аз мардум бипурсед, ки дар тули чанд соли баҳси музокирот бо толибон то куҷо раванди сулҳ пешрафт кардааст, рӯи чиҳо ё кадом масоил сурат гирифтааст, киҳо музокира карданд, киҳо рафтануд киҳо омаданд, мефаҳмед, ки касе огаҳӣ надорад, мегӯяд ӯ.

Мулло Муҳаммад Расул, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҷунбиши "Толибон"
Мулло Муҳаммад Расул, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҷунбиши "Толибон"

Ба гуфтаи таҳлилгар, баҳси музокирот бо толибон, гуфтушунид бо мақомоти покистонӣ ба як кори рӯзмарра табдил шудааст ва мардум азбаски хаста шудаанд, фикр мекунанд, ки хуб, як сафари ҳайати ҳукумат ба Покистон буд ва он ба ҷое намерасад, яъне умеде ҳам вуҷуд надорад. Аз нигоҳи афғонҳо Покистон кишварест, ки бо раванди сулҳи Афғонистон "бозӣ" мекунад - гоҳ ҷангро шиддат медиҳад ва вақте, ки ҷанг ба бунбаст расид, дубора баҳси музокираро матраҳ мекунад, мегӯяд Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд.

Айни ҳол маълум нест, ки музокирот бо кадоме аз гурӯҳҳои Толибон музокирот хоҳад кард. Аз ин пеш Ҳикмат Халил Карзай гуфта буд, ки Кобул барои гуфтугӯ ҳам бо ҷиноҳи Муҳаммад Ахтар Мансур, ҳам Мулло Муҳаммад Расул ва ҳам дафтари Толибон дар Қатар омода аст.

XS
SM
MD
LG