Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайф: 28 млрд доллар моли Бонки Марказӣ аст


Валиаллоҳ Сайф
Валиаллоҳ Сайф

Раиси Бонки Марказии Эрон Валиаллоҳ Сайф гуфтааст, ки 32 миллиард доллари дар бонкҳои хориҷӣ мунҷамидшудаи Эрон ба зудӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор мегирад.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 19 январ аз қавли ӯ хабар дод, ки 28 миллиард доллар аз ин маблағ ба ҳисобҳои Бонки Марказӣ ворид карда мешавад. Маблағи боқимонда – беш аз 4 миллард доллар ба хазинаи давлатӣ чун ҳаққи ҳукумат интиқол дода хоҳад шуд, афзудааст Валиаллҳ Сайф.

Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июли соли гузашта баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, қарор буд, ки Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш диҳад.

XS
SM
MD
LG