Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба ташкили маркази муҳоҷирон дар Хес


Дар шаҳри Хеси Ҳуланд шоми душанбе даҳҳо нафар аз мухолифони таъсиси маркази қабули муҳоҷирон талоши ишғоли бинои шаҳрдориро карданд. Эътирозгарон ба бинои шаҳрдорӣ тухм ва петарда андохтанд.

Кормандони шаҳрдорӣ, ки он лаҳзаҳо мавзӯи ташкили маркази муҳоҷиронро баррасӣ мекарданд, ба дигар ҷой интиқол дода шуданд.

Полис эътирозгаронро пароканда кард. Дар бораи осебдидагон ё боздоштшудаҳо алҳол иттилое нест.

Ба иттилои расмӣ, то миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта беш аз 54 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Сурия ва Ироқ хостори паноҳандагӣ дар Ҳуланд шуданд.

Дар ҳамин ҳол аз Олмон, ки бузургтарин теъдоди муҳоҷиронро пазируфтааст, рӯзи 19 январ дар бораи ҳабси нахустин гумонбар аз рӯи парвандаи хушунати ҷинсӣ алайҳи занон дар шаҳри Кёлн хабар расид. Ному насаби гумонбар эълон нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки паноҳандаи 26 сола аз Алҷазоир аст ва ӯро дар қароргоҳи муваққати муҳоҷирон дар шаҳри Керлен боздошт кардаанд.

Қаблан хабар дода мешуд, ки дар робита ба қазияи амалҳои ҷинсӣ дар шаҳри Кёлн 8 нафар интизори мурофиаи додгоҳиянд ва аммо бештари онҳо дар дуздӣ айбдор мешаванд.

Даҳҳо занони сокини шаҳри Кёлн ба полис дар он бора шикоят карданд, ки шаби Соли Нав мавриди амалҳои шаҳвонӣ ва ғорати мардҳои ношинос қарор гирифтанд. Ин гуна ҳодисаҳо дар шаҳри Ҳамбург ҳам рӯй доданд.

XS
SM
MD
LG