Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ сарбози Легиони хориҷии Фаронса бар асари тарма дар қисмати фаронсавии кӯҳҳои Алп ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, тарма рӯзи 18 январ дар ҳоле рӯй дод, ки 51 низомӣ дар минтақаи Валфрежюсе тамрин мекарданд. Дар ин офати табиӣ шаш нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Бино ба изҳороти полис, ки рӯзи 19 январ нашр шуд, ҳангоми тармафароӣ низомиён берун аз ҷойи муқарраршуда лижатозӣ мекарданд.

Дар ҷойи ҳодиса амалиёти наҷот идома дорад.

Ҳуввияти кушташудагон аз Легиони хориҷӣ алҳол маълум нест. Легиони хориҷии Фаронса аз ҳама кишварҳои олам сарбозҳои ихтиёриро қабул мекунад.

Ҳафтаи гузашта дар кӯҳҳои Алпи Фаронса ду наврас ва як сайёҳ аз Украина зери тарма монда буданд.

XS
SM
MD
LG