Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 кас дар таркиш дар постгоҳи полис


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бар асари таркиши бомб дар канори постгоҳи полис 11 нафар ба ҳалокат расида, 17 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таркиши бомб рӯзи 19 январ дар постгоҳи роҳе рӯй дод, ки аз шаҳри Пешовар сӯи ағбаи Хайбари воқеъ дар марз бо Афғонистон мебарад. Дар ин минтақа амалиёти нерӯҳои амниятии Покистон алайҳи толибону дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ идома дорад.

Иқбол Хон, як масъули полиси шаҳри Пешовар, ба хабарнигоон гуфт, ки дар таркиш дасти кам панҷ корманди полис ва мардуми осоишта, аз ҷумла, як кӯдак кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба назар мерасад ҳамла аз сӯи як маргталаб иҷро шудааст ва ҳадаф як раҳбари полиси маҳаллӣ буд, ки мошинаш ба постгоҳ расида буд. Дар баъзе гузоришҳо гуфта шудааст, ки ин афсари воломақоми полис ҳам кушта шудааст.

Мунир Хон, як мансабдори маҳаллӣ гуфт, ки маргталаби савори мотосикли ҳомили маводи тарканда худро ба постгоҳ задааст.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG