Пайвандҳои дастрасӣ

333 ҳазор муҳоҷири тоҷик – дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия


Tajikistan, Dushanbe -- The Stamp putting by russian athorities in deported tajik immagrant passports, 17Nov2011

Tajikistan, Dushanbe -- The Stamp putting by russian athorities in deported tajik immagrant passports, 17Nov2011

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бино ба омори ин идора, то 1 январи соли 2016 шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия Плюс" хабар додааст. Инҳо афродеанд, ки ба далели ихроҷ ё берун кардан имкони бозгашт ба Русияро барои 3-5 сол аз даст додаанд.

Бино ба қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, мақомоти он кишвар ҳақ доранд, ҳар муҳоҷирро барои нақзи шароити кору иқомат дар Русия ва ҳатто барои 2 қонуншикании резае, чун насупурдани пули барқ ё телефон, ё рондани мошин бо суръати баланд, ихроҷ кунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксари тоҷикони аз Русия ихроҷшуда бо чунин қоидавайронкуниҳои хурду реза аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд. Душанбе чанд сол боз талош дорад, ки ба афви ин муҳоҷирон ноил шавад, вале ҳанӯз - бенатиҷа.

Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Аммо Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, дар тӯли соли 2015 аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ 552 596 нафар рафтаанд. Аз ин шумор 64 667 нафар занон буда, аксари муҳоҷирон – 541 ҳазор – ба Русия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG