Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Бонки ҷаҳонӣ бо 100 млрд $ ба кор шурӯъ кард


Сармояи оинномавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба 100 миллиард доллар, яъне нисфи сармояи оинномавии Бонки ҷаҳонӣ баробар буда, саҳмгузоронаш Чин, Ҳиндустон ва Русия ҳастанд.

Пекин рӯзи 16 январ Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро ифтитоҳ кард, ки аз сӯи шореҳон баёнгари талошҳои Чин барои нақши муҳимтаре дар танзими иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.​

Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, дар паёми табрикиаш ваъда дод, ки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории бозорҳои рӯ ба тараққии Осиё саҳм мегирад. Ӯ илова кард, ки кишвараш барои таҳияи барномаҳои инфрасохторӣ дар кишварҳои узви ин бонк, ки аз нуқтаи назари рушди иқтисод ақиб мондаанд, ҳазинаи баробар бо 50 миллион доллари Амрико ташкил хоҳад кард.

Сармояи оинномавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба 100 миллиард доллар, яъне нисфи сармояи оинномавии Бонки ҷаҳонӣ баробар буда, саҳмгузорони асосии ин муассисаи иборат аз 57 кишвар Чин, Ҳиндустон, Русия, Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд.

Раҳбарии бонкро собиқ муовини вазири молияи Чин Ҷин Ликвин бар ӯҳда гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи Бонк муовини аввали Кумитаи давлатии сармоягузориҳо ва раҳбарии амволи давлатӣ Лочин Файзуллоев аз номи Тоҷикистон иштирок дошт. Тоҷикистон моҳи гузашта ба узвияти ин бонк қабул шуда, ҳамроҳ бо Русия, Қазоқистон ва Эрон узви яке аз 12 раёсатҳои ин бонк мебошад.

Шореҳон ба ин боваранд, ки Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ рақиби Бонки ҷаҳонӣ ва бонки дигари ин минтақа-Бонки Осиёии Рушд хоҳад шуд, ки зери назорати Ҷопон аст.

Аммо Стивен Грок, ноиб-президенти Бонки Осиёии рушд ба ин ақида мувофиқ нест: “Мо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро аслан рақиби худ намебинем. Ба фикри мо, минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ба сармоягузориҳои зиёди инфрасохторӣ ниёз дорад. Ҳарчӣ зудтар ин сармоягузориҳо ба минтақа оянд, ҳамон қадар вазъи минтақа беҳтар хоҳад шуд. Дар оянда мо хеле интизори ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо ин бонк ҳастем.”

Вазири молияи Люксембург Пийер Грамена ташкили ин бонкро ҳамчун шаҳодати афзоиши нақши Осиё дар умури ҷаҳонӣ баррасӣ мекунад: “Ин як ташаббуси нав аст. Сониян, ин ташаббус аз Чин, яъне аз Осиё пешкаш шудааст, ки нишондиҳандаи тағйири мувозинати иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад”.

Раҳбари бонк Ҷин Ликвин мегӯяд, ки Чин дар соли 2013 бунёди ин бонкро пешниҳод карда буд, вале бисёриҳо шубҳа доштанд, ки фаъолияти он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ раҳандозӣ хоҳад шуд. Ӯ меафзояд шомилшавии Британия, Италия, Олмон, Русия ва Австралия нишон медиҳад, ки иқдоми Чин мавриди эътимод қарор гирифт. Ҷин Ликвин умедвор аст, ки дар оянда шумораи аъзои бонк бештар шуда, саҳми кишварҳои узв дар раҳбарии ин муассисаи байналмилалии молӣ афзоиш меёбад.

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ тасмим гирифтааст, ки дар оғоз ба таъмини молии лоиҳаҳои тавлиди нерӯи барқ, нақлиёт ва инфраструктураи шаҳрҳо таваҷҷӯҳ нишон диҳад.

XS
SM
MD
LG