Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав гуштигири тоҷикро ҷустуҷӯ дорад


Пулиси Маскав мегӯяд, як гуштигири тоҷикро бо иттиҳоми даст доштан дар зяк занозанӣ, ки боиси ҳалокати як нафар шуд, ҷустуҷӯ мекунад. Пулис мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки устоди варзиш дар гуштии юнониву румӣ будааст, рӯзи шанбе дар як қаҳвахона дар кӯчаи Миклухо-Маклайи пойтахти Русия вориди занозании гурӯҳӣ шудааст. Дар натиҷаи ин занозанӣ як нафар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” даргузаштааст. Пулис мегӯяд, ин варзишгари тоҷик ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошин бо шумораҳои кишвари Краснодар ба ин қаҳвахона омада буд. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми расондани осеб ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG